ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамхурии ташкилоти қарзии хурди “Мадина ва Ҳамкорон” ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Бонки Осиё”хабар дод.
Бино бар иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи ҶСП “Бонки Осиё” бозхонд карда шуд.
Ҳамзамон ин ниҳод, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2021, таҳти №51 иҷозатномаи ҶДММ ТҚХ “Мадина ва Ҳамкорон”- ро низ, бозхонд кардааст.
Ба иттилои манбаъ, қарори барҳамдиҳии ҳарду корхонаро рӯзи 8 - уми апрел Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло имзо кардааст.
Бонки милли сабаби аз фаъолият бозмондан ва бозхонди иыозатномаи ин ду корхонаи молиро шарщ надодааст.