Дар шаҳри Хуҷанд устоди рақси тоҷик Рамзия Баккал даргузашт - видео

Дар шаҳри Хуҷанд, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, устоди рақс Рамзия Баккал дар синни 95 -солагӣ аз олам даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дар ин бора ҳунарманди Театри давлатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Мирзоумари Мирзоаҳмад дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст.

“Яке аз шоҳсутунҳову поягузорони санъати рақси тоҷик, Устоди рақс, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Рамзия Баккал Устоди беназир, ки аз соли 1947 то соли 1990 дар театри соҳили Сир ҳамчун раққоса ва сарбалетмейсетри машҳур фаъолият доштанд, дар синни 95 солагӣ моро падруд гуфтанд.

Хизмати Устод дар рушди рақси миллӣ хело назаррас буда, бисёр шогирдони номиро ба воя расонидаанд”, - навиштааст Мирзоумари Мирзоаҳмад.
Вай инчунин илова кардааст: “Устодони рақс Зебо Аминзода, Зулфира ва Элзара Асановаҳо Фирӯза ва Гуландом Аюбҷоноваҳо, Сафрон ва Машҳура Ёдгороваҳо, Саодат Саломова, Элмира Юсупова ва чанде дигарон аз мактаби муаллима баҳра бардоштаанд”.
Рамзия Баккал 9 декабри 1926, шаҳри Симферопол, Украина таввалуд шуааст. Ӯ раққоса ва балетмейстери тоҷик, Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон (1983) мебошад.
Солҳои 1947–71 раққосаи Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳоло Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд), 1971–90 балетмейстери ҳамин театр буд. Истеъдоди баланди раққосӣ дошт, рақсҳои халқҳои гуногунро басо нарму нозук адо менамуд.
Бар асоси рақси мардуми манотиқи мухталифи Тоҷикистон сюитаи чорқисмаи рақсии “Зарбҳои диёри офтобӣ”-ро таҳия ва иҷро намуд, ки писанди бинандагон гардид.
Баккал рақсҳои тоҷикии “Ҷигарпора”, “Занг”, “Нағорабазм”, “Танавор”, рақсҳои хоразмӣ, ҳиндӣ, русӣ ва дигар халқҳоро бо эҳсосоти баланду назокати том иҷро кардааст.
Рақсҳои бисёр спектаклҳои театрӣ, аз ҷумла, “Оршин мол-олон”-и В. Ҳоҷибеков, “Дилором”-и М. Ашрафӣ, “Рамояна”-и Н. Гусева, “Фаввораи Боғчасарой”-и А. Исломов ва ғ-ро ба саҳна гузоштааст.
Рақсҳои дастҷамъона таҳиякардаи ӯ – “Шодиёна”, сюитаҳои хореографии “Сулҳ”, “Ҳафтранг” (рақси 7 воҳаи Тоҷикистон), “Бахти мо” ва ғайра ба рушду ташаккули рақси миллии тоҷик мусоидат намудаанд. Саҳми Баккал дар тарбияи раққосони ҷавон хеле бузург аст.
Носир Ҳасанов, ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷик даргузашт
Ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои хориҷӣ (Афғонистон – 1966, 1972, Покистон – 1972) сафари ҳунарӣ кардааст.
Бо Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.