Мактаббачаҳои Тоҷикистон дар Олимпиадаи Менделеев оид ба химия ширкат мекунанд

Хонандагони Тоҷикистон дар 55-умин Олимпиадаи байналмилалии Менделеев аз фанни химия барои мактаббачагон (IMO-55) баромад мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Бино бар иттилои хадамоти матбуоти факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломонсов, олимпиадаи Менделеев аз фанни химия барои мактаббачагон — озмуни бузурги байналмилалӣ мебошад. Он дар ИҶШС ҳамчун Олимпиадаи умумииттифоқӣ аз фанни химия соли 1967 шурӯъ шуда буд.
Вазифаҳоро барои олимпиада ҳайати ҳакамони байналмилалӣ, аз ҷумлаи кимиёшиносони тамоми ҷаҳон таҳия мекунанд. Забонҳои асосии кории ОБМ — русӣ ва англисӣ мебошанд.
Соли 2021 Олимпиада дар шакли онлайн баргузор мешавад. Олимпиадаи байналмилалии Менделеев 21 апрел соати 12:00 ба вақти Маскав ифтитоҳ меёбад.
Ташкилкунандагон интизор доранд, ки дар олимпиада дастаҳои зиёда аз 25 кишвар иштирок кунанд.
Дар Душанбе аз фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ олимпиада баргузор мешавад
Аз ҷумла, мактаббачагон аз Австрия ва Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон ва Македония, Арманистон ва Исроил, Беларус ва Маҷористон, Булғория ва Сурия, Гурҷистон ва Латвия, Эрон ва Қазоқистон, Эстония ва Қирғизистон, Сербия ва Словакия, Тоҷикистон ва Туркманистон, Литва ва Туркия.
Ёдовар мешавем, ки солҳои қабл мактаббачагони Тоҷикистон дар ин олимпиада фаъолона ширкат варзида, сазовори медалҳо мешуданд.
Панҷ сол қабл Тоҷикистон аз рӯи шумораи ҷоизаҳои дар олимпиадаҳои байналмилалии мактаббачагон дарёфтнамуда дар радифи кишварҳои беҳтарин қарор дошт.