ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар рафти нишасти матбуотӣ баъди мулоқот бо ҳамтоёни қазоқаш дар мавриди муносибатҳо бо Амрико гуфт.
Аз ҷумла, коршинос таъкид кард, ки ИМА ва иттифоқчиёнаш- шарикони мӯътамад нестанд. Лавров изҳор дошт, ки ба Амрико наметавон бовар кард.
"Ҳатто ҳамин гуна сохти амрикогаро, чун Шӯрои Атлантик, аллакай маводҳоеро нашр мекунад, ки дар он хатти комилан сарбаста ва ҳатто кунд, ки аз назари мақсадҳои гузошташуда ягон мақсад ҳосил намекунад, дар муносибатҳои Амрико ва Русия интиқод карда мешавад".
Ҳамчунин Сергей Лавров таъкид кард, ки Русия омода аст, ки ба ҳамагуна амалҳои бадхоҳонаи ИМА посухи муносиб ҷавоб диҳад.
Аз ҷумла вазир дар бораи таъини як шахси мутасаддӣ барои мубориза бо "Маҷрои Шимолӣ - 2" дар Амрико ёдрас шуда, бо шӯхӣ изҳор дошт, ки шояд ӯ ба кишварҳо сафар кардаву таҳдид кунад.