Шумораи кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳои Русия муайян шуд

Байни мушкилотҳои соҳаи муҳоҷиратӣ дар Русия мутобиқшавии фарзандони муҳоҷирон низ зикр мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Муовини роҳбари маъмурияти раисҷумҳури Русия Муҳаммадсалом Муҳаммадов шумораи кӯдакони муҳоҷиронро дар мактабҳои Русия дақиқ кард.
Ӯ дар рафти ҳамоише дар шаҳри Новосибирск гуфт, дар Русия ҳудуди 800 ҳазор кӯдакони муҳоҷирон ҳузур доранд.
Аз ин шумора, танҳо 140 ҳазор ва ё 17,5 дар садашон дар мактабҳои таҳсилотии Русия таълим мегиранд.
Муҳаммадов афзуд, ки мақомоти минтақавӣ ба ин масъала бояд диққати махсус диҳанд.
Путин: кӯдакони муҳоҷиронро бояд ҳанӯз дар мактаб ба муҳит мутобиқ кард
"Ин ба низоми таҳсилотии мо фишор меорад, ки ба чунин анбӯҳи кӯдакони хориҷӣ омода набуд. Онҳо забони русиро хуб намедонанд ва дар фарҳанги каме дигар тарбия мегиранд", - афзуд намояндаи Кремл.
Ҳамчунин Муҳаммадсалом Муҳаммадов таъкид кард, ки дар соҳаи муҳоҷират ғайр аз таҳсилот мушкилии дигаре ба монанди бегонаситезӣ ба назар мерасад.