ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Озодамоҳ Муҳтарамова, сарояндаи сурудҳои мардумӣ ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дар синни 66-солагӣ даргузашт.
Бино ба навиштаи ҳамкорон ва пайвандон, ҳунарманд бар асари беморие шаби гузашта фатидааст.
"Сарояндаи маҳбуби Хатлонзамин Озодамоҳ Мӯҳтарамова имшаб моро тарк кард дар ҳақаш дуогӯ бошед", - навиштааст Хуршеди Саидаҳмад.
Ҳамзамон сарояндаи шинохта Ҳаётой Муминова низ дар сафҳаи фейсбукияш навиштааст: "Ҳунарпешаи Халкии Точикистон, сарояндаи маҳбуб апаи Озодамоҳ Муҳтарамова даргузашт".
Марҳум соли 1955 дар деҳаи Шоҳони ноҳияи Шӯробод (ҳоло Шамсиддини Шоҳин) ба дунё омада, барои таҳсил ба ноҳияи Москва ( ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) меравад.
Аз синни 13 - солагиаш дар театри халқии ноҳия ҳамчун сароянда ба фаъолият оғоз мекунад. Дар театри мазкур нозукиҳои мусиқиро аз ҳофизи шинохтаи мардумӣ шодравон Одина Ҳошимов хуб омӯхта, то ба овозхони касбӣ расидааст.
Аз соли 2003 инҷониб дар ансамбли "Ганҷина"-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев кор мекард.
Ӯ барои хизматҳои арзанда дар рушди санъат соли 1989 ба унвонҳои "Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон" ва соли 1997 "Ҳунарманди халқии Тоҷикистон" сарфароз гашта буд.