Рӯзи 8 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1766 дар ИМА ба нахустин нардбони оташнишонӣ патент дода шуд.
Соли 1935дар Иттиҳоди Шӯравӣ нисбат ба кӯдакони аз 12- сола боло ҷавобгарии ҷиноӣ амалӣ карда шуд.
Рӯзи 8 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1980дар Душанбе бори нахуст кинофестивали XIII умумииттиҳодиявӣ баргузор гардид.
Соли 1992дар Душанбе протокол оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид.
Соли 2002Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори Саммити Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок намуданд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд.
Соли 2003президенти Украина Леонид Кучма ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари нахустини расмӣ ташриф овард.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон дар бўстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сершумори қишрҳои гуногуни аҳли ҷомеа доир ба ҷамъбасти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" вохӯрӣ намуд.
Ҷашнҳои рӯзи 8 апрел
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзи иқтисодчиён.
Дар Русия- рӯзи аниматсия.