Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон

Нархи гӯшт дар вилояти Хатлон ба 60 сомонӣ расид

Дар вилояти Хатлон нархи як килограм гӯшт то ба 60 сомонӣ расидаст, ки ин болоравӣ боиси нигаронии аксар сокинони вилоят гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр - Sputnik. Тавре сомонаи рӯзномаи “Фараж” хабар додааст, даҳо нафар сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз баландшавии нархи гӯшт дар бозорҳо изҳори ташвиш карданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки моҳи гузашта нархи як килограм гӯшт 50 то 52 сомонӣ арзиш дошт, аммо рӯзҳои охир ба 58-60 сомонӣ расидаст.
“Аслан пеш аз ҳар иду ҷашнҳо нархи ҳама намуд маҳсулоти ниёзи мардум гарон мешавад. Ҳоло, ки ба фарорасии моҳи Рамазон рӯзҳои ба шумор мондаст ва аслан қисми зиёди мардум дар ин моҳ кушиш мекунанд, ки бештар гӯшт харанд, аз ин ҳисоб фурушандаҳо нархро якбора 10 сомонӣ зиёд карданд”, -зикр кардааст яке аз сокинони вилояти Хатлон.
Дар ҳамн ҳол, нафароне, ки фуруши гӯшт машғуланд, омили болоравии онро дар гарон шудани нархи хӯроки чорво рабт доданд.
Иқдоми шаҳрдорӣ барои таъмини фаровонию арзонии гӯшт дар арафаи Рамазон
Яке аз фурушандаҳо ба рӯзномаи “Фараж” гуфтааст, ки агар гӯштро бо нархи пешина фурушанд, онҳо зарар мебинанд.
Манбаъ зикр кардааст, ки талошҳояшон барои суҳбат дар боби омилҳои баланд шудани нархи гӯшт ва назорати он бо масъулони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бенатиҷа анҷом ёфт.