ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Ҳамадонӣ Камолови, нимҳимоятгари дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон ҳамакнун корномаи варзишияшро дар Испания идома медиҳад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии бошгоҳи "Истиқлол", Камолови 19-сола ба тими "Райо Махадаонда"-и Испания гузашт.
Ба иттилои манбаъ, Амадонӣ Камолов муддати як сол дар ҳайати “Истиқлол” бозӣ карда, ҳамчун агенти озод ба дастаи футболи Испания гузашт.
Гуфта мешавад, дастаи нави Камолов дар мусобиқоти Лигаи 2-юми Испания бозӣ мекунад.
"Райо Махадаонда" - дастаи футболи Испания аз шаҳри Махадаонда мебошад, ки ба ноҳияи Ареа-Метрополитан дар ҳайати ҷамъияти мухтори Мадрид дохил шуда, дар мусобиқаи Сегунде Б ҳунарнамоӣ мекунад.
Бозиҳои хонагии ин тим бошад, дар варзишгоҳи "Серро дел Эспино" баргузор мешавад.