Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

"Дод мезанад, чун дар бозор": Соседов боз суруди Манижаро танқид кард

Сергей Соседов, мунаққиди мусиқӣ бори дигар аз суруди "Russian Woman" - и Манижа, ки бо он Русияро дар озмуни Евровидения – 2021 муаррифӣ мекунад, танқид намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Манижа образи зани русро дар суруди Russian Woman, ки Евровидение – 2021 иҷро хоҳад шуд, паст мезанад, изҳор дошт собиқ довари озмуни овозхонии "Х-фактор" Сергей Соседов.
Ба гуфтаи мунққид, суруди Манижа Russian Woman як сохтаи иборат аз ғалоғула аст, ки шакл надорад. Соседов суруд ва намоиши саҳнавиро ғайрикасбӣ хонд.

Мусаллам аст, ки бо чунин интихоб ҳама атрофиёнро ба сардаргумӣ мезанӣ, чун ин авбошии ошкоро аст. Манижа образи зани русро паст мезанад. Он саҳнаҳое, ки дар он талоши сурудан мекунад, ноҷӯр садо медиҳад. Дар маҷмуъ дар ин суруд, чун дар бозор дод мезанад.

Сергей Соседов
мунаққиди мусиқӣ
Мунаққиди мазкур илова намуд, ки ба озмун бояд гуруҳи Little Big фиристода шавад, соли гузашта аз Русия ба Евровидение пешбарӣ шуда буд, аммо ба далели пандемия озмун баргузор нашуд. Суруди ин гуруҳ зери унвони UNO аз рӯи теъдоди тамошобинон рекорд гузошт, ки беш аз 195 миллион бор онро тамошо карда буданд.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
“Муфаттишон суруди Манижаро гӯш мекарданд”: шӯхиҳои Ургант дар бораи санҷиши суруд - видео
Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия, аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии шунавандагон дар доираи интихоби миллӣ ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 интихоб шуд.
Ин озмуни бонуфуз имсол дар Роттердам аз 18 то 22 май баргузор мешавад.
Бархе аз шаҳрвандони Русия дар портали Change.org петитсия нашр кардаанд ва талаб доранд, ки Манижа аз иштирок дар Eurovision маҳрум карда шавад.