Зарифу Мирзиёев равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ карданд

Вазири умури хориҷаи Эрон ва раисҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тошканд дидор ва дар мавриди густариши муносиботи ду кишвар ройзанӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Ӯзбекистон дар Тошканд қарор дорад ахиран бо Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури ин кишвар дидор ва дар хусуси мавзӯоти мавриди алоқаи ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар кард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Зариф дар ин дидор бо ташреҳи охирин таҳаввулоти равобити Теҳрон - Тошканд дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, бар алоқамандии Эрон ба тавсеаи ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон таъкид кард.
Сафари Зариф ба Осиёи Марказӣ аз Тошканд оғоз шуд
Раисҷумҳурии Ӯзбекистон, низ дар ин дидор бо таъкид бар аҳамияти равобити ду кишвар ва зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷониба, баргузории чаҳордаҳумин даври камиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Ӯзбекистон дар фосилаи замонии кӯтоҳтарро хостор шуд.
Зариф ва Мирзиёев дар ин дидор илова бар мавзӯоти дуҷониба, таҳаввулоти марбут ба раванди сулҳ дар Афғонистон ва ҳамчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои байналмилалиро баррасӣ карданд.