ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Ҷамъияти саҳҳомии ин нерӯгоҳ эълом кардааст, ки ширкатҳо вамуассисоти молии байналмилалӣ метавонанд дархости худро дар ин замина то рӯзи 9 апрел ба мудириятинерӯгоҳи барқи обии Роғунирсол кунанд.
Ин иқдом ба манзури дақиқ кардани мудирияти нерӯгоҳи Рагун дар заминаи масрафи манобеъе, ки азбуҷаи давлати Тоҷикистонбарои идомаи сохтмони ин нерӯгоҳ ҷудо шудааст, равона шудааст.
Манобеи молии мавриди ниёз барои идомаи сохти ин нерӯгоҳ аз ҳисоби буҷети ҳукумати Тоҷикистон таъмин мешавад ваимсол низ ба ин манзур186 миллион доллар аз буҷети ҳукумат ихтисос дода шудааст.
Дар соли 2020 барои идомаи сохти ин нерӯгоҳду миллиарду100 миллион сомонӣ ( 203 миллион ва 400 ҳзордлор ) ҳазина шуд.
Нерӯгоҳи Роғун бо сарбанди хокиаш 335 метр ва иқтидораш 17 миллиард киловатт соат дар як сол бузургтарин лоиҳаи гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказист.
Гуфта мешавад, ки сохтмони ин нерӯгоҳ соли 2033 ба итмом мерасад.