ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Диловар Азимов, мудири идораи маорифи шаҳри Истаравшан барканор шуд, гузориш медиҳад "Парс тудей" дар истинод ба "Топ тиҷӣ".
Бино бар иттилои манбаъ, мақомоти идораи маорифи шаҳри Истаравшан боздошт ва озодии се донишомӯзи синфи 11-и яке аз мактабҳои ин ноҳияро ба иттиҳоми таблиғи афкори ифротигарӣ таъйид кардаанд.
Гуфта мешавад, ин се хонанда пас аз бозҷӯӣ озод шуда ва акнун тамоми тамосҳои онон таҳти назорат хоҳад буд.
Ба дунболи ин ҳодиса Диловар Азимов, мудири идораи маорифи ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд аз вазифааш барканор шудааст.
Дар бораи иттиҳоми ин се донишомӯз, ки афкори чӣ гурӯҳеро таблиғ мекардаанд, итилои дақиқ дар даст нест, аммо волидайни яке аз онон гуфтааст, ки ин се нафар дар бораи навори видеоии гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи 24 дар интернет ибрози назар кардаанд.
Гуфта мешавад, ки ин се донишомӯз аз ҷумлаи шогирдони намуна дар мактаб мебошанд.
Дар Тоҷикистон истифода аз телефони ҳамроҳ барои донишомӯзон мамнуъ аст, аммо онон дар фазои дур аз мактаб метавонанд аз телефони ҳамроҳи хеш истифода кунанд.
Ба волидайни ин се нафар низ ҳушдор дода шудааст, ки рафтори фарзандони хеш ва тамосҳои ононро назорат кунанд.