Илон Маск дар як рӯз 6 миллиард доллар бойтар шуд: сабаб

Илон Маск, архивное фото
Ҳоло дороии Маск тақрибан ба 169,8 миллиард доллар баробар шуд. Дар рейтинги ҷаҳонии сарватмандтаринҳо, ӯ дар ҷои дуввум мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Соҳибкори амрикоӣ, асосгузори Tesla ва SpaceX, Илон Маск дар давоми як рӯзи охир 6 миллиард доллар бой шуд.
Дар ин бора маълумоти рейтинги Forbes Real-Time шаҳодат медиҳад.
Дороии ӯро афзоиши арзиши саҳмияҳои як ширкати мошинҳои барқӣ афзоиш дод.
Мушаки Илон Маск боз таркид
Сафар ба Миррих лағв мешавад? ин навбат ҳам мушаки Илон Маск таркид - навор
Ҳоло дороии Маск тақрибан ба 169,8 миллиард доллар баробар шуд. Ӯ пас аз асосгузори Амазонка Ҷефф Безос, ки дороиаш 188,6 миллиард доллар аст, дар рейтинги Forbes дуввум шуд.

Қисми зиёди сарвати Маск аз ҳисоби саҳмияҳои Tesla ба даст меояд - вай 21 дарсади саҳмияҳоро дар ихтиёр дорад.

Рӯзи душанбе саҳмияҳои ширкат 4,4 фоиз афзуда, ба 691,05 доллар расид, дар ҳоле ки дар савдои пешакӣ афзоиш ба 8 фоиз расид.
Tesla рӯзи ҷумъа гузориш дод, ки истеҳсол ва интиқоли он дар семоҳаи аввал тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст (дар як сол).