ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Сиёсатмадори Русия, раҳбари Ҳизби либерал-демократ, Владимир Жириновский гуфт, ки танқиди ӯ аз Манижа бо миллияти ҳунарманд ҳеҷ иртибот надорад, навиштааст сиёсатмадор дар канали Telegram-и худ.
Маълум шуд, ки ба Жириновский танҳо матну таркиби таронаи Russian Woman ("Зани рус") писанд набудааст.
"Мо аз баҳои баъзе шореҳон, алалхусус сиёсатшинос Георгий Бовт, ки танқиди моро бо шаҳрвандии сароянда рабт медиҳанд, ҳайрон мешавем. Ин маънои аслӣ нест. Шахсан вақте ман дар бораи суруд сӯҳбат мекардам, ман танҳо матнро дар назар доштам", - гуфт Роҳбари ҳизби либерал-демократ.
Владимир Жириновский қайд мекунад, баҳое, ки дар суруд нисбат ба як зани рус дода шудааст, барои муаррифии Русия дар фестивали хориҷӣ мувофиқ нест.
Вай инчунин калимаҳоеро аз таркиб иқтибос меорад, ки дар он мушкилоти оилаҳои нопурра ба назар мерасад.
"Писар бе падар, духтар бе падар. Аммо оилаи вайрон маро шикаста наметавонад", инчунин иборае аз матн - "Синну солат аз 30 гузашт, алло, канӣ кӯдакон? Ту зебоӣ, аммо каме харобтар шудан даркор".
Ба гуфти Жириновский, ҳамаи ин кинояҳо шаъну шарафи шахси русро паст мезананд, гарчанде ки суруд бояд тамоми кишварро таҷассум кунад.
"Боз Кумитаи фарҳанги Думаи давлатӣ дар хоб аст, ба ҳеҷ ваҷҳ муносибат намекунад. Ташаккур барои вокуниши палатаи болоӣ", - қайд кардааст сиёсатмадор.
Вай мутмаин аст, ки дар суруд набояд ибораҳое бошанд, ки шаъну шарафи шахсияти русро паст бизананд.
Ёдовар мешавем, ки фавран пас аз пирӯзии овозхон Манижа дар интихоби миллӣ, Жириновский бечунучаро изҳор дошт, ки ин беҳтарин интихоби сароянда ва суруд барои озмуни Евровидение - 2021 набуд.
Вай ин андешаашро бо он асоснок кард, ки паёми суруд барои баланд бардоштани нуфузи як зани рус ва дар маҷмӯъ, Русия дар назди тамошобинони байналмилалӣ чандон хуб нест.
Манижа дар Евровидение - 2021
Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия, аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии шунавандагон дар доираи интихоби миллӣ ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 интихоб шуд.
Ин озмуни бонуфуз имсол дар Роттердам аз 18 то 22 май баргузор мешавад.
Бархе аз шаҳрвандони Русия дар портали Change.org петсиатсия нашр кардаанд ва талаб доранд, ки Манижа аз иштирок дар Eurovision маҳрум карда шавад.
Баъдтар, ба Кумитаи тафтишот бо дархости санҷиши матн дар асоси экстремизм ариза ворид шуд.
Букмекерҳои байналмилалӣ барои Манижа бо суруди Russian Woman танҳо ҷои 14 пешгӯӣ мекунанд.