ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо вазири кишоварзӣ ва озуқавории Белорус Иван Крупко мулоқот кард.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Завқӣ Завқизода дар ин дидор гуфтааст, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат муносибатҳо ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Завқизода Белорусро яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон гуфт.
Ба иттилои ин ниҳод, соли 2020 гардиши савдо байни ду кишвар 54,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 ба андозаи 25,9 миллион доллар ё 1,9 маротиба афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ, ширӣ ва васлу насби мошинҳои "МАЗ" дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Манбаъ афзуда, ки тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор карданд.