ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Дар Душанбе дар робита ба далели фурӯши гарони чиптаҳои масири Душанбе - Маскав ҷаласаи фаврӣ баргузор шуд.
Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба ин ҷаласа намояндагони Прокуратураи нақлиёт, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии алоқаи ҳавоии Тоҷикистон низ даъват шуданд ва аз ширкатҳои ҳавоӣ ва чиптафурӯшҳо талаб карда шуд, ки чиптаҳоро гарон аз нархҳои муайянкардашуда нафурӯшанд.
"Мо ҳанӯз 26 – уми март дархост карда будем, ки нархи рафтуомад аз 500 доллар зиёд набошад, бахусус аз Душанбе ба самти Маскав набояд нархи як чипта марзи 350 долларро убур кунад. Дар чипта ҳам возеҳ навишта шудааст, ки нарх 4 ҳазору 50 сомонӣ аст. Аммо ҳоло ба мо иттилоъ мерасад, ки як чипта то 8-10 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад" - гуфт Икром Субҳонзода.
Дар ҳамин ҳол, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон як нафаре, ки аз "Utair" ва ду нафаре, ки аз "Сомон Эйр" билет харидаанд, таъйид намуданд, ки аввалӣ ба шаш ва дуи дигар ба нуҳ ҳазор сомонӣ як чиптаро харидорӣ кардаанд.
Дар посух ба ин, ки чаро онҳо ба мақомоти зиддахл шикоят намебаранд, гуфтанд, намехоҳанд барои худ мушкили зиёдатӣ эҷод кунанд.
Аммо директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, кор ба ҷое расидааст, ки баъзе мусофирон ҳатто тариқи наворҳо ба мақомот шикоят мекунанд.
"Чунин вазъ қобили қабул нест, ҳатто як беинсофии калон аст. Метавон гуфт, ки хилофи сиёсати давлат дар мавриди пуштибонии молии қишрҳои осебпазири ҷомеа, бахусус муҳоҷирини меҳнатӣ аст. Боз ба такрор мегӯям, ки вазъ истисноӣ аст, чун гузаштаҳо маъмулӣ нест. Аз ин хотир, ширкатҳо ва нуқтаҳои чиптафурӯшӣ бояд масъулият нишон диҳанд",- гуфт Икром Субҳонзода.
Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, ширкатҳо ваъда доданд, ки барои ислоҳи вазъ иқдом мекунанд ва фурӯши чиптаҳоро таҳти назорати шадид қарор медиҳанд.
"Мо низ вазъро назорат мекунем, агар ислоҳ нашавад, зарур мешуморем, ки бо сохторҳои дахлдор чора андешем", - гуфт директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, санаи 25 март пас аз як соли маҳдудият Русия эълон кард, ки аз якуми апрел парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистон аз сар гирифта хоҳанд шуд.
Нахустин парвозро мебоист ширкати "Utair" санаи 3 апрел анҷом медод, аммо он ба таъхир афтод. Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, аввалин парвозро дирӯз "Сомон Эйр" анҷом дод ва тайёраи ширкат бо 184 мусофир вориди Маскав шуд.