ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Бемори бо навъи нави коронавирус аз даъват пурра озод намешавад, гуфт сармутахассиси тиббии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия Андрей Датско.
Ба гуфти ӯ, пас аз шифо ёфтан аз коронавирус ва дар сурати мавҷуд набудани мушкилот, ҷавон дубора ҳаққи даъватро пайдо мекунад.
Манбаъ қайд кард, ки даъватшаванда пеш аз ба сафи артиш дохил шудан ба нуқтаи санҷишӣ фиристода шуда, дар онҷо дубора аз муоинаи тиббӣ мегузарад.
Агар дар ягон марҳила дар бадани ҷавон коронавирус ошкор карда шавад, вай фавран ба табобат фиристода мешавад.
"Пас аз сиҳатшавӣ, агар мушкиле пеш наояд, вай дубора номзад ба даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мешавад", - гуфт ӯ.
Датско иқрор кард, ки ҳанӯз маълум нест, ки вирус ба организми инсон чӣ гуна таъсир хоҳад кард.
"Ҳоло тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ омӯзиши равандҳоро бо диққат мушоҳида мекунанд. Вақте ки маълумоти нав пайдо мешавад, он замон мо ҳуҷҷатҳоро ислоҳ ё бознигарӣ мекунем", - гуфт ӯ.
Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон аз 1 апрел ҷавононе, ки ба синни 18 расиданд ва нафароне, ки ҳуқуқи таъвиқ ё озодшавӣ аз хидмати сарбозиро надоранд, ба хидмат даъват шуданд.
Дар чор рӯзи даъват қариб нисфи нақша иҷро шуд.