Аҳмадзода мегӯяд, барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ захираҳо басанда аст

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ин нуктаро зимни боздид аз ярмарка - фурӯши маҳсулоти ғизоӣ дар шаҳри Хуҷанд таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апрел - Sputnik. Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, дар вилоят барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ захираву имкониятҳо басанда аст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилоят, Аҳмадзода барои мунтазам ташкил намудани ярмаркаҳо ба масъулин супориш додааст.
"Раиси вилоят тъкид кард, ки барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ захираву имкониятҳо басанда аст. Гуфта шуд, ки танҳо дар давоми ду моҳи соли равон дар вилоят ба маблағи беш аз 420 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст ва кишоварзони вилоят метавонанд пурра аҳолиро бо маводи зарурӣ таъмин созанд.", - омдааст дар хабарнома.
Тибқи иттилои манбаъ, дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал ташкил шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ бояд кард то нархҳо дар бозор паст шавад - видео
Ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир шуда, дар он аз тарафи кишоварзони вилоят ва корхонаҳои саноатӣ маводи ғизоӣ бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди аҳолӣ гардонда шуд.
Манбаъ афзуда, ки барои таъмини дастрасии сокинон бо маҳсулоти нисбатан арзон маҳсулоти зарурӣ, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, гӯшти паранд, картошка, пиёз, сабзӣ, макарон, нон, ширинҳои гуногун, биринҷ ба таври фаровон ба фурӯш гузошта шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшти мурғ дар Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуда бошад ҳам, дар бозорҳои кишвар, баръакс нархи ин маҳсулоти ғизоӣ ҳоло то 15% баланд мебошад. Ва болоравии нархҳо қариб аб ҳама навъи маҳсулот дахл кардааст.
Парадокси иқтисодӣ: чаро дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти мурғ зиёду арзиши он гарон аст?
Ёдрас мешавем, ки пештар президенти Тоҷикистон зимни боздид аз шаҳри Бохтар ба меҳмонии як хонавода рафта буд. Ӯ аз заминкории ин хонавода тавсиф карду гуфт, агар ҳар як деҳқон дар як сол чанд маротиба ҳосил ғундорад, маҳсулот зиёд мешавад ва нархҳо низ дар бозор паст мешаванд.