ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Олимон гуфтанд, ки терапияи ханда қобилияти паст кардани депрессия ва беҳтар намудани некӯаҳволии беморони гирифтори саратонро дорад.
Коршиносон маълумоти охирини илмии нашркардаи Известияро дар бораи таъсири шухӣ ва қобилияти хандидан дар бадан ва ҳолати ҳиссиётии одаронро арзёбӣ карданд.
Ханда ба саломатии пирон ва беморони вазнин таъсири мусбат мерасонад, қайд карданд олимони факултаи ҳамширагӣ, Донишгоҳи Ҳасеттепе (Туркия). Онҳо як мақолаеро нашр карданд, ки дар он гуфта мешавад, ки таҷрибаи хандаи гурӯҳӣ, ба функсияҳои ҷисмонӣ ва фаъолияти равонию иҷтимоии одамони калонсол таъсири мусбат мерасонад.
Духтурони Департаменти равоншиносии Донишгоҳи Чаи Куреи Ҷанубӣ муайян карданд, ки курсҳои хандаи гурӯҳӣ бо терапияи мусиқӣ ба занони гирифтори саратон таъсири мусбат мерасонанд.
"Гурӯҳи ханда" ба стресс ва депрессия таъсири мусбат расонида, беҳбудии эмотсионалӣ ва "некӯаҳволии функсионалӣ" -ро нишон дод.
Ба гуфти коршиноси пешбари Маркази ташхиси молекулавии Роспотребнадзор Кира Глинка, ханда ба рагҳои хун ва узвҳои нафас таъсири судбахш мерасонад, зеро таъминоти хун ба узвҳо ва бофтаҳо беҳтар мешавад.
Асосгузори озмоишгоҳи онлайнии тиббӣ Валерий Саванович қайд кард, ки вақте инсон сахт механдад, нафаси чуқур мегирад ва ин навсозии захираҳои оксигенро дар ҳуҷайраҳо метезонад ва бронхҳо ва шушҳоро танзим мекунад.