Дар вилояти Суғд то 15 июн сайди моҳӣ манъ карда шуд: сабаб

Дар вилояти Суғд аз оғози моҳи апрел то миёнаҳои моҳи июн сайди моҳӣ манъ карда шуд. Ин тадбир бо фароҳам овардани шароити мусоид ба ҷараёни афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмгузории моҳӣ роҳандозӣ гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik.  Аз 1 апрел то 15 июни соли 2021 дар давраи тухмгузории моҳиҳо хама гуна сайди моҳӣ манъ карда шуд.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мегӯяд, ин тадбир бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, роҳандозӣ гардид.
Сайди моҳӣ дар Тоҷикистон чаро ва то кай мамнӯъ аст?
Ҳамчунин ин чора барои фароҳам овардани шароити мусоид ба ҷараёни афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмгузории моҳӣ рӯи даст гирифта шуд.
Содироти моҳӣ аз Рязан ба Тоҷикистон манъ шудааст
Гуфта мешавад, ки дар асоси моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист", моддаҳои 31 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи олами ҳайвонот", моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ", ва банди "а" моддаи 17-и "Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои дорои аҳамияти моҳидории Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ин марҳила сайди моҳӣ манъ аст.