Бидуни ҷавобгарӣ: Русия гуфт, хориҷиён метавонанд, ҳузурашонро қонунӣ кунанд

Вазорати корҳои дохилии Русия лоиҳаи қонунеро таҳия дорад, ки ба хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ иҷозат медиҳад, сарфи назар аз қонуншиканиҳои мавҷудаашон, будубоши худро дар кишвар қонунӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Лоиҳаи қонун тартиб ва шартҳои қонунӣ кардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро дар Русия муқаррар мекунад,  хабар дод ТАСС бо такя ба маркази матбуоти ВУД Русия.
Патентҳои меҳнатӣ барои муҳоҷирон дар Маскав электронӣ хоҳанд шуд
Манбаъ таъкид кардааст, ки бар асоси муқаррароти лоиҳаи қонуни ҷадид, ҳамаи хориҷиён ва афроди бешаҳрвандие, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, бидуни муҷозот барои қоидавайронкуниҳои қаблии умури муҳоҷират, имконият пайдо мекунанд, ки ҳузурашонро қонунӣ намоянд.
Дар матлаб омадааст, ки барои қонунӣ кардани будубош ба шаҳрвандон муҳлати муайян дода мешавад. 
ВУД таъкид намудааст, ки нисбати ин шаҳрвандон чораҳои маъмурӣ татбиқ карда намешаванд ва чораҳои қаблан қабулшуда низ бекор мегарданд.
Вазорати корҳои дохилӣ тавзеҳ додааст, ки  таҳияи лоиҳаи қонун дар доираи ислоҳоти қонунгузории муҳоҷирати Русия амалӣ мегардад ва консепсияи лоиҳаи қонун аз ҷониби ҳукумат тасдиқ карда шудааст. 
Таъкид шудааст, ки ҳоло дар сатҳи қонунгузорӣ дар Русия ниҳоди "афви муҳоҷират", ки ба ягон мақоми давлатӣ ё шахси мансабдор имкон медиҳад, ки дар бораи вазъи ҳуқуқии хориҷиён тасмим бигирад, вуҷуд надорад.
Пешсафии тоҷикон дар гирифтани шаҳрвандии Русия: 64 ҳазор дар як сол
Ҳамзамон, як қатор қонунҳо мавҷуданд, ки ба категорияҳои муайяни хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ имкон медиҳанд, ки мавқеи худро дар кишвар қонунӣ кунанд. Аз ҷумла  тибқи қонуни шаҳрвандӣ, раисиҷумҳури Русия метавонад бо мақсадҳои башардӯстона категорияҳои шахсонеро муайян кунад, ки ҳуқуқи дохил шудан ба шаҳрвандии Русияро доранд. Ин санад инчунин муқаррар кардааст, ки ба тариқи соддакардашуда, категорияҳои муайяни шахсон метавонанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.
"Ин категорияи шаҳрвандон барои вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Русия, низоми будубош (истиқомат), фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ ё вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд, агар чунин қонуншиканиҳо зимни баррасии аризаашон дар бораи эътирофи онҳо ҳамчун шаҳрванди Федератсияи Русия ошкор шудаанд", - шарҳ додаст котиботи  ВУД Русия. 
Дар баробари ин қонуни дигаре низ ба танзими вазъи ҳуқуқӣ равона шудааст, ки додани шаҳодатномаҳои муваққатии шахсиро ба мӯҳлати даҳ сол барои шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Федератсияи Россия пешбинӣ мекунад. Он аз 24 августи соли ҷорӣ мавриди амал қарор мегирад.