ВКД тафсилоти қатли бераҳмонаи Гулнигорро нашр кард - навор

Марди боздоштшуда зимни бозпурсӣ иқрор намудааст, ки дар заминаи рашк ҳамсари худро аз ҳаёт маҳрум кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Муноқишаи Султонов Мирзомалики 32 - сола ва ҳамсари марҳуми ӯ Гулнигори 34- сола дар заминаи рашк ба миён омад. Ҳар дуи онҳо сокинони ноҳияи Ҷайҳун мебошанд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо нашри навор, маконе, ки Мирзомалик ҳамсарашро оғуштаи хун намуд, нишон додааст.
Бар хабари манбаъ, мард дар бошишгоҳи саҳроӣ бо ҳамсари худ муноқиша намуда, бо корд чанд маротиба ба рӯю бадани зан зарба расондааст.
Чун ҳамсари ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт, мард низ ба ҷони худ сӯиқасд намуда, 5 маротиба бо корд ба шикам зада, билохира хост гулӯяшро бибурад.
ВУД мегӯяд, нисбати Султонов Мирзомалик дар Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ин нахустин ҳолати куштори ҳамсар дар пайи рашк набуда, ВУД қаблан борҳо аз рухдоди чунин ҳаводис хабар дода буд.