ДУШАНБЕ, 3 апрел - Sputnik. Дар Маскав патентҳое, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дода мешаванд, электронӣ мешаванд.
Лоиҳаи фармоиш, ки аз ҷониби мутахассисони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия таҳия шудааст, дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
"Дар қаламрави шаҳри дорои аҳамияти федералии Маскав патент дар шакли корт бо интиқолдиҳандаи электронии маълумот ҷорӣ карда шавад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Инчунин қайд карда мешавад, ки чунин иҷозатномаҳои корӣ метавонанд барвақттар дар соли ҷорӣ дода шаванд.
Инчунин қайд карда мешавад, ки чунин иҷозатномаҳои корӣ метавонанд барвақттар дар соли ҷорӣ дода шаванд.
Ҷорисозии шакли нави патентро муовини сардори департаменти ин ниҳод Александр Горовой назорат мекунад.
Қобили зикр аст, ки ҳоло хориҷиён патенти меҳнатиро бидуни рамзи электронӣ мегиранд ва навоварии кунунӣ ҳуҷҷатҳоро аз қалбакӣ сохтан муҳофизат мекунад.
Патент ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷие мебошад, ки ба Федератсияи Русия бидуни раводид барои иҷрои фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави кишвар меоянд.
Пештар хабар дода шуд, ки дар вилояти Маскав замимаи мобилии Маркази ягонаи муҳоҷирати вилояти Маскав, ки махсус барои муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия шудааст, маъмул гашта истодааст.
Гуфта мешавад, замима махсус сохта шудааст, ки барои муҳоҷирон пардохти патент барои кор дар Русияро осонтар кунад.