ДУШАНБЕ, 3 апр - Sputnik. Рӯзи сеюм аст, ки сокинони Тоҷикистон талош доранд, ки барои парвозҳои дубора ба Маскав чиптаи деринтизор ба даст оранд.
Тавре як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, шаби пеш одамоне, ки дар назди хазина навбат гирифтанд, тасмим гирифтанд, ки пароканда нашаванд ва ба хона нараванд.
Сарфи назар аз он, ки Агентии авиатсияи шаҳрвандӣ нархи муқарраркардаи чиптаи яктарафаро эълон кард, дар байни мардум овозаҳо дар бораи арзиши болоравии онҳо тамоман гуногунанд.
Аммо ба назар чунин мерасад, ки нархи чипта дар ин ҳолат нақши дуюмдараҷаро мебозад.
Аммо ба назар чунин мерасад, ки нархи чипта дар ин ҳолат нақши дуюмдараҷаро мебозад.
Аён аст, ки шаҳрвандон ба ҳар пуле билет харидан мехоҳанд ва навбатдории шабонарӯзӣ дар кассаи мазкур далели ин гуфтаҳост.
Шаҳр дар хоб - харидор навбат мепояд
Шаби гузаштаро сокинони кишвар, ки бояд барои парвоз ба хатсайри Душанбе-Маскав билет харанд, дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, ки дуртар аз бозори собиқи "Шоҳмансур" аст, рӯз карданд .
Таҳмина, як сокини Душанбе, ки дар қабати болоии нуқтаи билетфурӯшӣ зиндагӣ мекунад, гуфт, ки шом кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳатто аз онҳое, ки интизорӣ мекашидант дархости пароканда шудан кардаанд, аммо кам касон онҳоро гӯш карданд.
"Вақте ки аллакай хеле дер шуда буд, ман аз тиреза ба берун менигаристам. Касе дар мошин нишаста буду касе дар пиёдагардии сарди назди дӯкон. Дили пора мешавад барои дидани ин ҳолат, чун шабҳо то ҳол сарданд", - гуфт як сокини маҳаллӣ мушоҳидаҳояшро.
Дар баробари ин, маълум нест, ки чаро ин дафъа фурӯши чиптаҳо дар як ҷой мутамарказ карда шуданд, на дар ҳама филиалҳо, тавре ки қаблан буд.
Яке аз кормандони хазина эътироф кард, ки ба кассаҳои хурди чиптафурӯшӣ ба парвозҳои нав дастрасӣ дода нашудааст, ҳама фурӯш тавассути кассаи асосӣ.
Ҳамзамон макони чиптафурӯшӣ танҳо дар Душанбе аст, ки ба гуфти сокинони дигар минтақаҳо ба пойтахт рафтану навбатпоӣ ва хариди чипта барояшон хело гарон меафтад, вале бо вуҷуди ин авроде, ки имкон ва зарурат доранд меоянд.
Ёдовар мешавем, ки Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон шаҳрвандонро итминон додааст, ки фурӯши чиптаҳои ҳавопайморо таҳти назорати қатъӣ қарор хоҳад дод, то ҳаннотие сурат нагирад.
Нархи чипта аз Душанбе ба Маскав 349 доллар муқаррар шудааст, парвоз дар масири Маскав - Душанбе камтар - 143 долларро ташкил медиҳад.
Созишнома дар бораи арзиши чиптаҳо рӯзи 26 март дар ҷаласаи муштараки Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ду ширкати ҳавопаймоӣ ба имзо расид.
Аз имрӯз маълум аст, ки UTair аллакай ҳамаи билетҳоро барои парвози аввал фурӯхтааст, аммо ширкати "Сомон Эйр" билетҳоро рӯзи 2 апрел ба фурӯш баровард.
Азсаргирии парвозҳо
Ёдовар мешавем, ки аз 1 апрел Русия масири ҳавоияшро бо Тоҷикистон кушод. Ин қарорро Сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин тасдиқ кардааст.
Парвозҳо ба Тоҷикистон ҳафтае як маротиба сурат мегирад. Ҳавопаймоҳо ба тариқи мутақобила аз Маскав ба Душанбе парвоз мекунанд.
Ҳамин тариқ, Сомон Эйр ҳар рӯзи сешанбе дар хатсайри Душанбе - Маскав - Душанбе як парвоз анҷом медиҳад ва UTair ҳар рӯзи ҷумъа дар хатсайри Москва - Душанбе - Маскав як парвоз анҷом медиҳад.