ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон, аз мусалмонон даъват кард, ки қоидаҳои муайянеро риоя кунанд, то маросимҳо ва ҷамъомадҳои динӣ боиси паҳншавии COVID-19 нашаванд.
"Дар кишварҳое, ки паҳншавии вирус назаррас аст, бояд ҷамъомаду мулоқот ба таври маҷозӣ (онлайн) сурат гирад, ё умуман ба таъхир гузаронида шавад ва ё шумораи онҳо коҳиш дода шавад", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Қайд карда мешавад, ки ҷамъомадҳои оммавӣ ба сироятшавӣ мусоидат мекунад ва метавонад хуруҷҳои навро ба вуҷуд орад, алалхусус бо назардошти он, ки беморӣ боз ҳам афзуда истодааст.
Дар моҳи шарифи Рамазон рӯзадорон вақти зиёдеро дар масҷидҳо дар адои намозу зикр мегузаронанд ва шомгоҳон сари суфраи калон ҷамъ мешаванд
"Ҳама чорабиниҳои оммавӣ бояд дар ҳавои тоза бо шумораи маҳдуди иштирокчиён ва давомнокии ками вақт гузаронида шаванд. Дар акси ҳол, бояд ҳавои макони баргузории чорабинӣ хуб тоза карда шавад", - таъкид мекунад СҶБ.
Тавсия дода мешавад, ки ҳама ҷойҳо барои шустани даст дар масҷидҳо бо собун таъмин карда шаванд, инчунин меҳмононро бо маводи дезинфексионӣ (дорои камаш 70 фоизи спирт) ва салфеткаҳои якдафъаина таъмин кунанд.
Мутахассисони СҶБ маслиҳат медиҳанд, ки бо ороста кардани гилемчаҳои инфиродӣ дар рӯи замин, эълонҳо ва плакатҳо дар ҷои намоён, дар бораи зарурияти нигоҳ доштани масофа огоҳӣ дода шавад.
Коршиносон даъват мекунанд, ки рӯзадорон бояд ҳангоми ифтор - аз зиёфатҳои оммавӣ даст кашанд. Ва ба ҷои ин, беҳтар мешавад, агар ғизоро ба ниёзмандон тақсим кунанд.