ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи парлумон, бо қарори Рустами Эмомалӣ ҷаласаи шашуми Маҷлиси миллии Тоҷикистон 16 апрели соли 2021, соати 11-00 дар шаҳри Душанбе даъват шудааст.
Шӯрои Маҷлиси миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ баррасии тағйири бархе аз ҷойномҳо дар назар аст.
Вақтҳои охир дар Тоҷикистон маъракаи тағйири бархе ҷойномҳо роҳандозӣ шудааст, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар идома дорад. Бар асоси қонунгузории кишвар, номҳои маҳаллаҳою ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ бо қарори Ҳукумат ва тасдиқи Маҷлиси миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Инчунин масъалаҳои тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
Дар баробари ин аъзои Маҷлис қонунҳои Тоҷикистон дар бораи мақомоти адлия, дар бораи Академияи миллии илмҳо, иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи судҳоро баррасӣ хоҳанд кард.