ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Ожонсии зидди фасод аз боздошти як мақомдор ва пизишк дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам дониста мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, яке аз муттаҳамон Ниёзов Фурқат Ризоҷонович мебошад, ки дар вазифаи сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии комиссариати ҳарбии шаҳри Гулистон фаъолият мекард.
Номбурда бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо маслиҳати пешакӣ бо духтури клиникаи вилояти Суғд Каримов Халил ба як корафтода билети ҳарбӣ омода намуда фурӯхтанд.
Манбаъ аз муроҷиаткунанда, Азизӣ М.А. ном мебарад, ки соли гузашта ба хотири гирифтани билети ҳарбӣ назди Ниёзов омадааст.
"Ниёзов ва Каримов барои омода кардани билети ҳарбӣ аз муроҷиаткуннада 10 ҳазор сомонӣ гирифта, байни худ тақсим намуданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Ожонсии зидди фасод мегӯяд, дар ин асос нисбат ба Ниёзов ва Каримов бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "в,г" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода буда, барои анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардидааст.