Тоҷикистон содироти пахтаро кам мекунад: сабабҳо

Ҳукумати Тоҷикистон амдан содироти нахи пахтаро кам мекунад - дар ҷумҳурӣ танҳо аз панҷ як қисми пахтаи дар кишвар исетҳсолшавандаро коркард карда метавонанду халос 
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд содироти нахи пахтаро кам кунанд.
Тавре аз пешбинии асосии нишондодҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, солҳои 2021-2023, дар се соли наздик содироти пахта ба хориҷ ба ҳазор тонна кам мешавад.
Мақомот гуфт 90 дарсади пахтаи истеҳсолшуда ба хориҷ аз кишвар содирот мешавад
Дар ҳамин ҳол, соли равон содироти 70 ҳазор тонна нах ба маблағи умумии 102,5 миллион доллар дар назар дошта шудааст.
Дар соли 2022 содирот 60 ҳазор тонна (90,2 миллион доллар) ва дар соли 2021 50 ҳазор тонна ба маблағи 78,5 миллион долларро ташкил хоҳад дод.
Пештар хабар дода шуд, ки корхонаҳои саноати сабуки Тоҷикистон танҳо аз панҷ як қисми нахи пахтаи дар кишвар истеҳсолшавандаро коркард мекунанд.
Бино бар иттилои идораҳои иқтисодии кишвар, дар ҳудуди ҷумҳурӣ бештар аз 100 фабрикаи пахтатозакунӣ, ки бештар аз 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мекунанд, кор мекунанд. Аз ин дар корхонаҳои бофандагии кишвар 20 ҳазор тонна коркард мешаванд.
Мастчоҳи пешқадам: нақшаи истеҳсоли пахта аз 100 дарсад ҳам гузашт
Ин дар ҳолест, ки иқтидори фабрикаҳои ресмонресӣ имконият медиҳад, ки бештар аз 70 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол коркард шавад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон қайд мекунанд, ки Тоҷикистон ҳамасола бояд майдони кишти пахтаро бештар накунад, то он вақте ки иқтидори коркарди онро афзоиш диҳад.