Рӯзи якуми даъват: чанд фоизи нақша иҷро шуд?

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон дошт, ки дар рӯзи аввали даъват шаҳри Душанбе ва вилоятҳо чанд дарсади нақшаро иҷро карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар рӯзи якуми даъвати наваскарон ба артиш 18,3 фоизи нақша иҷро шуд.
Генерал Навҷувонов писар ва ду ҷиянашро ба аскарӣ фиристод. Дигарон чӣ?
Дар нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба артиш аввалин шуда, 8 шаҳру ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаро иҷро карданд, хабар дод Фариддун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиа ба “Ховар”.
Манбаъ афзуд, иҷрои нақша дар вилояти Суғд 8,3 фоиз, дар вилояти Хатлон 12,5 фоизро ташкил дода, ноҳияи Носири Хусрав аз иҷрои пурраи нақша хабар дод.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақшаи даъвати наваскарон 19,6 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 47 фоизро ташкил дод, изҳор дошт Фаридун Маҳмадализода.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад.
Даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.