Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Рӯҳонӣ ҳам дар бораи суруди Манижа гуфту ба ӯ маслиҳате дод

Сурудеро, ки Манижа Сангин ба Роттердам мебарад, аз Кремл то сиёсатмадорону ҳунармандон ба риштаи муҳокима кашида буданд. Ва инак он аз ҷониби имомхатиб ҳам баҳогузорӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Довуд Муҳидинов имомхатиби вилояти Маскав ба Манижа Сангин овозхони тоҷики муқими Русия маслиҳат додааст, ки ба далели баррасиҳои манфӣ, сурудашро иваз кунад.
Номбурда бар ин бовар аст, ки мудоме иштирокчии Евровидение ин ё он кишварро намояндагӣ мекунад, аз ин рӯ бояд дархосту талаби шаҳрвандони онро ба инобат гирад.
"Бо дарназардошти он ки нисбати суруди интихобкардаи ӯ назарҳои манфӣ бисёр аст, аз ин рӯ Манижаро лозим аст, сурудашро иваз кунад", - таъкид намудааст имомхатиб.
Муҳидинов илова намудааст, ки имом ва шахсиятҳои мазҳабӣ аслан ба ин гуна масъалаҳо дахолат намекунанд, зеро Худованди Мутаол "ба ҳар инсон ҳуқуқи интихоб додааст”, - гарчанде аз нигоҳи Дини Ислом, барои зан пӯшидани либоси кушод ва баромад кардан дар саҳна ҷоиз нест.
Кремл дар бораи суруди Манижа гуфт: онро тамошобинон интихоб кардаанд
Бо вуҷуди ин, имомхатиб ба ҳунари Манижа Сангин баҳои баланд додааст.
Гузашта аз ин, ин руҳонӣ ба ҳуввуяти Манижа дахл намудааст.
"Манижа тоҷик аст. Ва аз ин чиз душманон метавонанд барои эҷоди ихтилоф истифода кунанд. Яъне нишон диҳанд, ки Русия чӣ гуна ҳуқуқҳои одамон ва халқҳоро поймол мекунад. Масъала бисёр нозук аст ва набояд ба душманон шароитеро фароҳам овард, ки аз он роҳат истифода кунанд".
Озмуни Евровидение - 2021 рӯзҳои 18-22 май дар Роттердами Ҳолланд баргузор мешавад. Ҳунармандони 41 кишвар сурудҳои худро пешкаш мекунанд.
Интиқоди Матвиенко аз Манижа: пурсед, ки чигуна интихоб шуд
Ёдовар мешавем, ки суруди Манижа барои Евровидение - 2021 дар доираи интихоби миллӣ дар Шабакаи аввал пешниҳод карда шуд.