ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда манзили зисташро ба фоҳишахона табдил додааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Носири Хусрав муайян карда шуд, ки сокини ҳамин ноҳия зани 32-сола бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт мунтазам ба ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона дар манзили зисташ машғул шудаааст.
Манбаъ хабар додааст, ки номбурда барои муносибатҳои маҳрамона ба мардону занони сабукпо шароит фароҳам оварда, аз онҳо маблағи 100-сомонӣ мукофотпулӣ мегирифтааст
“Ҳамчунин, номбурда дар 4 ҳолати ин ҷиноят гумонбар дониста шуд”, - таъкид намудааст ВКД-и Тоҷикистон.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки нисбати ин зани 32-сол парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ва ё занҷаллобӣ) оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
ВКД қайд кардааст, ки имрӯзҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон заноне ҳастанд, ки номи пуршарафи Зан-Модарро доғдор месозанд.
“Имрӯзҳо занон дар ҷомеа мавқеи махсусро доро ҳастанд ва дар баробари мардон сарбаландона дар тамоми соҳаҳо кору фаъолият мекунанд. Аҳли ҷомеа низ бо чунин занони боифату корбар ифтихорманданд. Вале мутаассифона боз пайдо мешаванд заноне, ки номи пуршарафи Зан-Модарро доғдор сохта бо амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ худу атрофиёнро зери маломати мардум мегузоранд”, - зикр кардааст ВКД-и Тоҷикистон.