ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Ҷонибдори гурӯҳи террористии ДИИШ (маманӯъ дар Русия), ки мехост ба иншооти маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ дар вилояти Твери Русия амали террористӣ анҷом диҳад, нобуд карда шуд, иттилоъ додааст маркази матбуоти ФСБ-и Русия.
Манбаъ, шахсияти ин нафарро эълон накардааст, аммо таъкид доштааст, шахсе юо нияти ташкил кардани инфиҷор шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар вилояти Твери Русия нобуд карда шуд.
Гуфта шудааст, ӯ ҳангоми боздошт ба тарафи кормандони ФСБ тир кушодааст ва кормандони ФСБ бо тирандозии ҷавобӣ ӯро нобуд карданд.
Маълум шудааст, ки яке аз шарикони террористон аз ин созмони мамнӯъ силоҳ ва ҷузъҳоро барои сохтани бомби худсоз харидорӣ намуда, озмоишгоҳи маводи тарканда таъсис додааст.
Таъкид шудааст, ки дар ҷараёни амалиёти махсус, кормандони амният ва аҳолии осоишта осеб надиданд.