ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Ин ҳодисаи нохуш, рӯзи субҳи 31-уми март, тахминан соати 05:30-дақиқа рух додааст, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикитсон.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи худрави тамғаи "Мерседес-Бенс", Ичилов Ислом Маликович сокини 25 - солаи ҷамоати деҳоти Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст.
Ӯ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Хуҷанд-Чаннок-Душанбе" дар ҷамоати деҳоти Анзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори даромадгоҳи нақб бархӯрдааст.
"Дар натиҷа, мусофири дохили мошини мазкур Ҷӯраев Абдуллоҷон Саидбоевич, сокини 41-солаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки дар бораи ин садама ширкати роҳбони IRS дирӯз хабар дода, гуфта буд, ки ронанда ба даромадгоҳи нақби "Истиқлол" бархӯрд.
IRS ба пайвандони шахси фавтида ҳамдардӣ баён намуда, аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.