ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси парлумони Кореяи Ҷанубӣ, Пак Бён Сок, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни суҳбат муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳкими равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои манфиатбахши тамосҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо, баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.
Аз сатҳи ҳамкории байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин дурнамои муносибот дар соҳаҳои барои ҷонибҳо судманди туризм, ташкили парвозҳои мустақим, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳои илмӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ дар давраи пандемия, муҳокима гардид.
Манбаъ афзуда, ки айни ҳол дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф беш аз 200 донишҷӯйи тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Корея таҳсил доранд.
Дар мулоқот масъалаи зиёд кардани бурсияҳо барои Тоҷикистон ба миён гузошта шуд.
Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва вазъи сиёсии Афғонистонро баррасӣ карда, оид ба мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир табодули андеша намуданд.