Гази Ӯзбекистон ба Суғд омад, аммо ҳанӯз мушкили тақсимоти он ҷой дорад

Бо гузашти бештар аз се моҳ ҳамоно мушкилиҳои тақсимоти гази табиӣ ба корхонаҳои саноатии вилояти Суғд бартараф нашудааст. Дар моҳи декабри соли 2020 масъулин дар бораи расидани гази табии Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанд расман иттилоъ дода буданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Абдулҳаким Суфиев, директори ширкати "Суғдиёнгаз" дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъди таваққуфи даҳ сола ширкати онҳо гази табии Ӯзбекистонро дубора ба маркази маъмурии Суғд расонд, аммо барои тақсими он ба корхонаҳои саноатӣ як қатор мушкилиҳо ба вуҷуд омадаанд.
“Барои интиқоли газ ба шаҳри Хуҷанд мо ҳудуди 60 километр қубурҳоро аз нав таъмир ва таҷдид намудем. Аксари қубурҳо дар ҳудуди шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Б. Ғафуров фарсуда шудаанд. Барои бе талафот расонидани газ бояд ҳар як сӯрохии қубурҳоро дарёфт намуда, онро бартараф намудан лозим аст, ки ин кор вақти зиёдро талаб менамояд”, - гуфт Суфиев.
 Масъулони "Суғдиёнгаз" мегӯянд, то ин муддат ба ҳашт ширкат ва корхонаи тавлидотӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров газ расонидаанд ва кор дар самти тақсимоти газ барои даҳ корхонаи дигар ҷараён дорад.
Нархи газ ва бензину дизел дар Тоҷикистон якбора то 10% гарон шуд
Зимнан, аз ҷониби ин ширкат 1 куб газ ба нархи 2 сомонию 5 дирам ба корхонаҳо фурӯхта мешавад, ки дар муқоиса ба нархи ангишт ва қиммати барқ арзон гуфта мешавад. Нархи 1 кВт нерӯи барқ барои корхонаҳои саноатии Тоҷикистон 67 дирам аст.
Абдулҳаким Суфиев иброз намуд, ки баста будани марзи миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кори онҳоро ҷиҳати тақисомоти газ ба корхонаҳои ҳудуди Суғд ба таъхир гузоштааст. Бино ба гуфти ӯ, барои таъмин намудани коргоҳҳо онҳоро лозим аст, ки ҳисобкунанкҳои муосир насб кунанд.
“Мо бояд аз кишвари Ӯзбекистон ҳисобкунакҳои (дачик) нав хариддорӣ кунем. Мо дар амбори корхона дорем ҳисобкунанкҳо, вале ба ин ҳол ҳамаи онҳо корношоям шудаанд. Мутахассисони идораи “Тоҷикстандарт” ҳам гуфтанд, ки барқарор намудани онҳо ғайриимкон аст. Мо мунтазирем, ки кай роҳҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз мешаванд”, - афзуд директори “Суғдиёнгаз”.
Дар моҳи марти соли 2020, масъулони идораи саноати ҳукумати Суғд иброз намуда буданд, ки хоҷагии халқи вилоят солона ба 240 миллион куб метр гази табиӣ эҳтиёҷ доранд.
Коршинос гуфт, ки мушкилии харидории газ аз Ӯзбекистон барои Тоҷикистон дар чист
Коршиносони масоили иқтисодӣ истифодаи гази табииро дар шароити душвори барқу гармидиҳӣ манбаи алтернативии сӯзишворӣ маънидод мекунанд.
Бино ба иттилои расмӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии Суғд, бештар аз 160 корхонаи хурду бузурги саноатӣ мавҷуд мебошад, ки соли 2020 бо сабабҳои гуногун аз ҷумла хуруҷи бемории COVID-19, 77 адад ва ё 45,5 % и онҳо нисбат ба соли 2019 дуруст фаъолият накарданд.
Ба ҳамин далел ҳаҷми маҳсулоти тавлидшудаи корхонаҳо ҳамагӣ 41, 9 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар давраи муқоисавӣ кам шудааст.
Иқтисодшиносони тоҷик, тақсимоти гази табии ба соҳаи саноатро аз лиҳози иқтисодӣ муфид ва дар шароити камбуди тавлидоти нерӯи барқ, маводи алтернативии сӯхт арзёбӣ мекунанд. Бино ба таъкиди онҳо қимати гази табиӣ назар ба нархи барқ ва ангишт то 50% камтар рақам зада мешавад.