Боздошти гумонбари куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскави нав

Дар Русия гумонбари куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскави нав боздошт шуд. Дар бораи ҳуввияти гумонбар чизе гуфта нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Кормандони полис мардеро боздошт карданд, ки барои ҳамроҳ будан дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми муноқишаи байни ронандагони таксӣ гумонбар мешавад.
Дар ин бора ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Москва хабар медиҳад. 
"Дар паи баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони полис марди соли таваллудаш 1995 дастгир карда шуд", — омадааст дар иттилоия.
Қаблан хабар дода шуд, ки 27 март байни ронандагони таксӣ дар деҳаи Мосрентгени шаҳри Маскави нав муноқиша бархоста, ба задухӯрд бо истифода аз корд ва силоҳи травматикӣ табдил ёфтааст.
Ҳамлаи мусаллаҳона дар Маскави нав ба шаҳрвандони Тоҷикистон: яке кушта шуд
Дар натиҷа се нафар ҷароҳат бардошта, як кас фавтидааст.
Ҷанҷоли таксиронҳо: тафсилоти кордкашии муҳоҷирон дар Маскави нав
Тавре ки намояндаи Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия дар Маскав Юлия Иванова ба ТАСС гуфт, гумонбар дар вилояти Тула боздошт шудааст.