Бо ояву ҳадис: Шӯрои уламо фатвои ваксинаро дод

 Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мусулмонони кишвар даъват кардааст, ки таъҷилан аз эмгузаронӣ (ваксинатсия) гузаранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ин Шӯро бо пахши як муроҷиатнома, ки нусхааш дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон низ қарор дорад, аз мардуми кишвар даъват кардааст, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён, дар навбати аввал шахсони калонсол бояд дар нуқтаҳои махсуси тиббӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудаанд, бетаъхир, таъҷилан эмгузаронӣ (ваксинатся) кунанд.
“Баъзе инсонҳо вокуниши ғайрифаъолро ба даъвати ба эмгузаронӣ бо баҳонаи он, ки баъзе доираҳои хориҷӣ ба воситаи эмгузаронӣ мехоҳанд ба мардум зарар расонанд, тарғиб мекунанд. Ин сароҳатан муносибати ғалат аст, ки аз саъйю талоши хидмат ба манфиатҳои беҳтарини мардум ва ҷомеаҳо ҷудо мебошад”, - омадааст дар муроҷиатнома.
Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳиндустон барои интиқоли 192 ҳазор воя ваксина изҳори қаноатмандӣ кард
Чунин муносибат ба яке аз ду сабаб ишора мекунад: ин ё натиҷаи ҷаҳолат ва нодонии аҳкоми шариат аст, ё ин ки натиҷаи адами огоҳӣ аз оқибатҳои хатарноки вогузорӣ ва тарки эмгузаронӣ, афзудааст манбаъ.
Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ояҳои Қуръон ва ҳадисҳои паёмбари ислом (с) низ рӯ оварда, мегӯяд, шариат инсони солим ва зебоиро тавсиф намуда, ба истифодаи доруву дармон даъват менамояд:
“Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва накўкорӣ кунед! ҳамоно Худо накўкоронро дўст медорад. ( Сураи “Бақара”, оят 195). Ин матлаб инчунин дар суханони Паёмбар (с) инъикос ёфтааст, чунончӣ ў мефармоянд: “Дар назди Худо муъмини қавӣ нисбат ба муъмини заиф беҳтар ва маҳбубтар аст. Паёмбари гиромии Ислом (с) мефармоянд: «Ба худ зиён овардан ва ба дигарон зиён расонидан раво нест». (Ривояти Ибни Моҷа ва Дорақутнӣ). Ин ҳадис чунин маъно дорад, ки моро шариат ба дур будан аз ҳар чизе, ки ба мо ва дигарон зарар мерасонад, амр кардааст”, - омадааст дар муроҷиатнома.
Шӯрои уламо бо истинод ба хулосаҳои коршиносони соҳаи тиб мегӯяд, ҳамаи ваксинаҳо таҳти назорати созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони байналмиллалии тандурустӣ қарор доранд ва аз ҳама гуна санҷишҳо гузаштаанд.
Оё ваксинаи "Спутник V" ҳалол аст? муфтиёти Русия санҷиду посух дод
“Напазируфтани эмгузаронӣ оқибатҳои хатарнок хоҳад дошт. Бадани шахсоне, ки эмгузарониро рад мекунанд, муқовимат ба бемориҳои сирояткунанда, ки аз ҷониби ваксинаҳо пешгирӣ мешаванд, надоранд. Бисёр одамон ба бемориҳое мубтало мешаванд, ки онҳоро бо ваксинаҳо пешгирӣ кардан мумкин аст. ”, - омадааст дар ин муроҷиатнома.
Бемории сироятии Ковид-19 аз ҷумлаи бемориҳое мебошад, ки барои ҳаёти инсон хатарнок маҳсуб меёбад, таъкид кардааст шӯро.
Тоҷикистон 22 марти соли равон ба эмгузаронии саросарӣ дар кишвар шурӯъ намуда, вазири тандурустӣ, намояндагони ниҳодҳои сиҳии байнулмилалӣ ва ҳам раҳбарони муассисаҳои тиббии кишвар аввалин афроде буданд, ки худро аз Ковид-19 эмин карданд.