ДУШАНБЕ, 31 март - Sputnik. Чанд лаҳза пеш дар километри 78 - уми роҳи Душанбе - Чаноқ ронандаи автомобили боркаш, аз уҳдаи идораи он набаромада, ба даромадгоҳи нақби “Истиқлол” бархӯрд, хабар додааст IRS.
Манбаъ афзуд, мутаассифона, бар асари садамаи мазкур мусофири воситаи нақлиёт, баъд аз интиқол ба беморхона ҷон додааст.
Ширкат илова намудааст, кормандони роҳ аз лаҳзаҳои аввали рух додани садама ба макони ҳодиса сафарбар шуда, ба осебдидагон кумак расониданд.
IRS ба пайвандони шахси фавтида ҳамдардардии амиқ баён намуда, аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.