ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Як зани 27 -солаи сокини шаҳраки Чоруқдайрони Гулистон дар латукӯб намудани бонуи дигари 35-сола, ҳамшаҳраш гумонбар дониста мешавад.
Ин ҳодисаи авбошӣ дар дохили микроавтобуси мусофиркашонии самти Хуҷанд-Чоруқдайрон рух додааст.
Дар натиҷаи латукӯб зани 35-сола зарари ҷисмонӣ бардоштааст. Ин ҳодиса чанд рӯз пеш рух додааст ва мақомоти милисаи Суғд ба таҳқиқи он шурӯъ намудаанд.
Бино ба иттилоъи Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии РВКД дар вилояти Суғд, З. В., соли таваллудш 1994, сокини шаҳраки Чоруқдайрон буда, аз ҳиссиёти авбошӣ дар дохили нақлиёти мусофирбарӣ нисбати М. Б. соли таваллудаш 1986 суханҳои қабеҳ гуфта ва ӯро латукӯб намудааст.
"Оиди расонидани зарари ҷисмонӣ ҷабрдида ба мақомоти милиса муроҷиат намудааст. Роананда ва мусофирони микроавтобус ҳам оиди вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби зани 27 сола шоҳидӣ додаанд”, -гуфт Шарифӣ.
Бино ба иттилоъи манбаъ, З. В. дар соли 2015 як дафъа бо моддаи 237 (авбошӣ) суд шудааст. Дар пайи "занакҷанг" дар дохили микроавтобус алайҳи ин зан бо моддаи 237 парванда боз шуда тафтишоти муқаддамотӣ аз сӯи маъмурони милисаи шаҳри Гулистон ҷараён дорад.
Ин моддаи қонун ҷарима ба андозаи сад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ва ё чораи маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.
Мақомот мегӯянд, солҳои охир ҷиноятсодиркунии занон раванди рӯ ба коҳишёбӣ будааст. Бино ба гуфти Хуршеда Хоҷазода, сардори Идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати Суғд, соли 2020, 636 ҳолати даст ба ҷиноят бурдани занон сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли қаблӣ 230 маврид кам гуфта мешавад.