ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати рушди саноати Тоҷикистон,ин нишондод дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 135 ҳазор тонна бештар аст.
Ҳоло дар Тоҷикистон 16 корхонаи истеҳсоли семент дар тӯли 20 соли охир бо кумаки молӣ ва техникии ширкатҳои чинӣ сохта шудаанд.
Коршиносон тахмин мезананд, ки бозори дохилии Тоҷикистон ба 3 то 3,5 миллион тонна семент ниёз дорад, аммо дар соли 2020 ин кишвар 4,2 миллион тонна ин маҳсулоти сохтмониро тавлид кардааст, ки аз он 1,3 миллион тоннааш ба Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон содир шудааст.
Дар робита ба афзоиши сохтмон дар Тоҷикистон, интизор меравад, ки истеҳсоли семент дар ин кишвар бештар шавад.
Гуфта мешавад, ки корхонаҳои Тоҷикистон солона 5 миллион тонна семент тавлид мекунанд.