Путин: кӯдакони муҳоҷиронро бояд ҳанӯз дар мактаб ба муҳит мутобиқ кард

Владимир Путин дар нишасти Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳо дар бораи аҳамияти хоси мактаб барои кӯдакони муҳоҷир гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин таъкид дошт, ки ҳукумат бояд ба кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳои Русия аҳамияти хос диҳад. 
Президент дар ин бора дар нишасти Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳо изҳор дошт. 
Ӯ афзуд, ки кӯдакони муҳоҷирон бояд ҳамон қадар бошанд, ки тавонанд онҳоро ба муҳити забонӣ дар Русия мутобиқ гардонанд.
Зиндаятим: кӯдакони муҳоҷиронро чӣ интизор аст
Роҳбари кишвар таъкид кард, ки муҳим ба вазъе бояд роҳ надод, ки имрӯз дар ҷаҳон, чи дар Аврупо ва дар Амрико ба назар мерасад. 
Дар ҳамин ҳол, ба гуфти Путин, танишҳои байни қавмӣ метавонад дар пайи аз ҳад зиёд намоиш додани қавмияти худ ба миён оянд. 
Афзун бар ин, дар як қатор кишварҳо ҳувияти маданӣ ва қавмӣ дар бештари мавридҳо чун рақобаткунанда қабул карда шудаанд.
"Ман ин дидгоҳро дар мо оддӣ карда гӯем, умуман боиси пазироӣ намедонам", - гуфт Путин.
Роҳбари Русия таъкид кард, ки кишвари тамоми шаҳрвандони Русия яктост - Русия бузург аст, инсон метавонад ба ин ё он қавм тааллуқ дошта бошад.
Ваъдаи Нуриддин Саид дар Маскав: барои кӯдакони муҳоҷир мактаб месозем
Ба гуфти президент, забонҳои гуногуни қавмҳо, забони ягонаи давлатии русӣ ва арзишҳову анъанаҳои фарҳангиву рӯҳонии дар тӯли асрҳо ташаккулёфта - "ҳамаи ин ваҳдат ва нерӯи Русияро қавитар мекунад".