ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Комиссияи миллии беҳдошти Чин рӯзи якшанбе эълом кард, ки эмгузаронӣ дар кишвар бар асоси авлавиятбандӣ дар гурӯҳҳои калидӣ ва гурӯҳҳои пурхатар дар ҷараён аст. Гурӯҳҳои калидӣ ва пурхатар ба афроде гуфта мешавад, ки дар маҳалли кор дар маърази хатари зиёд бо вируси корона қарор доранд, иттилоъ додааст ИРНА.
Ли Бин, муовини Комиссияи миллии беҳдошти Чин (NHC) гуфт: Ба гурӯҳҳои пурхатар умдатан афроди солманд ва афроде, ки бемориҳои заминаӣ дорандро шомил мешавад.
Мақоми чинӣ афзуд, ки комиссияи миллии беҳдошти Чин ба таври муназзам ҳарорати ваксинаҳоро дар фароянди захирасозӣ ва ҳамлунақл контрол мекунад то аз эминӣ ва асарбахшии онҳо итминон ҳосил кунанд.
Ваксинатсия дар Чин бо истифода аз чаҳор ваксинаи сохти ширкатҳои Синофарм, Синовак ва Консино идома дорад.