Аз худкушии духтари 15 - сола дар Хуҷанд ҷилавгирӣ шуд

Феълан маълум нест, ки ин ноболиғ ба чӣ хотир сӯиқасд ба ҷони худ кард. Ҳоло мақомоти марбута дар ин бора тафтишот мебаранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд аз худкушии як духтари ноболиғ пешгирӣ карда шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Духтари 20 - сола аз дарёи Душанбе бо ҷароҳатҳои зиёд берун оварда шуд
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур зуҳри имрӯз рух дод ва духтари 15 - сола а қасди ҷонаш худро аз ба дарёи Сир афкандааст.
Гуфта мешавад, имдодгарон пас аз дарёфти хабари мазкур зуд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ӯро аз дарё берун оварданд.
Номбурда зиндаву саломат аст, танҳо аз сабабе, ки оби дарё хунук буд, аз ташхиси духтурон гузоштани ноболиғ зарур аст", - таъкид мешавад дар хабар.
Зикр мегардад, ки ҳоло сабаби даст ба худкушӣ задани духтари ноболиғ маълум нест ва кормандони марбута дар ин бора тафтишот мегузаронанд.
Манбаъ меафзояд, наҷотдиҳандагон то омадани мошини ёрии таъҷилӣ ба духтар кумакҳои аввалияи тиббиро расонданд.
Дақиқан чанд рӯз пеш дар шаҳри Душанбе аз худкушии духтари 20 - сола пешгирӣ намуданд. Он замон ҷавонзан аз ҷониби кормандони милиса наҷот дода шуд ва бо ҷароҳатҳои зиёд аз сабаби бархӯрд бюа сангу рег ба бемористон интиқол ёфт.