Оқил Оқилов ба Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи вижаи СММ - ро тақдим кард: имрӯзи таърих

Рӯзи бисту нӯҳуми март дар Мадагаскар – Рӯзи хотираи қаҳрамонон ва дар Русия Рӯзи мутахассисони хадамоти ҳуқуқии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад
Sputnik

Рӯзи 29 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1943 дар ИМА барои фурӯши гӯшт, равған ва сир меъёр муқаррар карда шуд.
Соли 1961 аввалин маротиба сокинони Вашингтон  (ИМА) ҳуқуқи овоздиҳӣ ба даст оварданд.

Рӯзи 29 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1929 Иттифоқи "Тоҷикматлубот" таъсис дода шуд.
Соли 1936 Иттифоқи меъморони Тоҷикистон созмон дода шуд.
Калонтарин қарзи Русия аз ХБА ва зодрӯзи Нақибхон Туғрал: имрӯзи таърих
Соли 2010 дар Тоҷикистон Бонки хурди молиявии "Accessbank Tajikistan" таъсис ёфт.
Соли 2010 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳифзи атмосфера"-ро баррасӣ намуд.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Сарвазири вақт Оқил Оқилов ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳидро «Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола», ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешсафӣ ва ташаббускорӣ дар идораи захираҳои обию энергетикӣ ва дастовардҳои намоён дар татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола таъйин гардидааст, тақдим намуд.
Соли 2010 Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум ба имзо расид.
Соли 2011 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон маросими ба истифода додани  навбати 1-уми Лоиҳаи беҳгардонии обтаъминкунӣ баргузор гардид.
Соли 2011 Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 март

Рӯзи 29 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1899 — Лаврентий Берия (соли даргузашт - 1953), ходими давлатӣ, раҳбари хадамоти амниятӣ.
Соли 1936 — Станислав Говорухин (соли даргузашт. 2018), ҳунарманд, коргардони кино, ҳунарманди мардумии Русия.
Соли 1968 - Владимир Преснякови хурдӣ - овозхони поп.