Муҳриддин бо ҳамтои туркаш чиро баррасӣ кард

Мавлуд Човушоғлу вазири умури хориҷаи Туркия низ ба хотири иштирок дар Конфронси 9 - уми вазирони кишварҳои "Қалби Осиё - Раванди Истамбул" дар Тоҷикистон қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Вазири умури хориҷаи Туркия Мавлуд Човушоғлу ба хотири иштирок дар Конфронси "Қалби Осиё - Раванди Истамбул" бегоҳи рӯзи 28 март озими Тоҷикистон шуд.
Ашраф Ғанӣ доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд
Котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз мулоқоти вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Туркия, Сироҷиддин Муҳриддин ва Мавлуд Човушоғлу доир гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар заминаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоли муштарак баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, дар поёни мулоқоти дуҷониба Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ташрифот байни Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷаи Туркия ба имзо расид.
Гузашта за ин, ҷонибҳо Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021 - 2013 ба тасвиб расонданд.