Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Малишева гуфт, истеъмоли кадом ғизо пас аз ваксингирӣ ба саломатӣ хатар дорад

Елена Малишева пизишки машҳури рус гуфт, пас аз ваксингирӣ истеъмоли кадом навъи ғизо тавсия дода намешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 март - Sputnik. Баъзе хӯрокҳо метавонанд самаранокии ваксинаи коронавирусро коҳиш диҳанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Тимаков: эмгузаронӣ метавонад дар Тоҷикистон ҳамагириро боздорад
Табиб ва ровии маъруфи телевизион Елена Малишева онҳоро дар эфири намоиши "Зиндагӣ кардан зӯр аст!", ном бурд.
Вай хотиррасон кард, ки аз ҳама бештар машруботи спиртӣ таъсири манфӣ дорад, бинобар ин, он бояд ҳатто дар миқдори кам, чӣ пеш аз эмкунӣ ва чӣ дар давоми аз се то панҷ рӯзи баъд аз ваксингирӣ истифода нашавад.
Духтур инчунин маслиҳат дод, ки аз хӯроки дуддодашуда, шоколад, қулфинай, меваҳои ситрусӣ ва панирҳоро низ дар ин рӯзҳо бояд парҳез кард. Бо сабаби истифодаи онҳо, аксуламали масуният метавонад аз ҳад зиёд бошад, тавзеҳ дод духтур.
"Аксуламалҳои манфӣ меафзоянд ва механизмҳои муассири дифоъ коҳиш меёбанд", - шарҳ дод Малишева.
Ба ақидаи ӯ, махсусан барои одамоне, ки аллергия доранд ё гирифтори астма ва дерматити атопикӣ ҳастанд, даст кашидан аз ин маҳсулот хеле муҳим аст.
Дуои саломатӣ ба вазир то шакк нисбати AstraZeneca: вокуниши тоҷикистониён ба ваксинагирӣ
Ёдрас мешавем,дар Тоҷикистон расман сар аз 23 март маъракаи эмгузаронӣ алайҳи маризии коронавирус шурӯъ шуд. 
Ҷамъан дар Тоҷикистон барои эмкунии аҳолӣ се ҳазор нуқтаи ваксинзанӣ таъсис дода шудааст. Ҳоло танҳо 20 дарсади аҳолӣ бо ваксини AstraZeneca, ки онро ташкилоти COVAX интиқол медиҳад, эмгузаронӣ мешаванд.