ДУШАНБЕ, 28 март - Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян моҳи апрели соли 2021 истеъфо медиҳад. Вай дар ин бора дар мулоқот бо сокинони минтақаи Армавири кишвар изҳор дошт.
Ба гуфти ӯ, чунин тадбир барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати парлумонӣ зарур аст.
"Бале, дар ояндаи наздик, моҳи апрел ман истеъфо медиҳам,на барои он ки мехоҳам биравам, балки барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлат. Дар ин муддат ман вазифаи сарвазирро иҷро хоҳам кард", - гуфт Пашинян.
Қаблан ӯ барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати парлумонӣ розӣ шуда буд.
Ғайр аз ин, Пашинян ҳангоми мулоқот бо сокинони минтақаи Армавир пешниҳод кард, ки бораи таҳкими амният Гурӯҳбандии муштараки нерӯҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия ва Арманистон фикр кунанд. Ба ақидаи ӯ, ин ба таҳкими амнияти кишвар мусоидат мекунад.
"Муҳимтарин формула гурӯҳи амниятии муштараки Арманистон ва Русия мебошад, ки аллакай амал мекунанд. Дар кори оянда, мубоҳисаҳо, гуфтушунидҳои мо бояд дар бораи тақвияти ин гурӯҳ ҳамчун як ҷузъи муҳими таъмини амнияти минтақавӣ фикр кунем", - таъкид кард Пашинян.
Дар ҳоли ҳозир дар маркази Ереван гирдиҳамоии тарафдорони истеъфои сарвазири кунунии Арманистон баргузор мешавад. Эътирозгарон дар назди бинои парламент ҷамъ омаданд.
Бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар охири моҳи феврал оғоз ёфт ва то ба имрӯз идома дорад. Сабаби шиддат гирифтани он талаби истеъфои Пашинян аз ҷониби собиқ сардори Ситоди Генерал Оник Гаспарян ва ҳайати калони фармондеҳӣ буд.
Пас аз машварат бо президенти Арманистон Армен Саркисян ва роҳбарони се фраксияи парлумонӣ, Пашинян қарор кард, ки интихоботи пеш аз мӯҳлат 20 июн баргузор шавад.