Тамбашавӣ дар Суэтс: киштии Ever Given боиси бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ шуд - аксҳо

Ҳаракат дар канали Суэтск ҳамоно баста аст. Рӯзи 23 март киштии бузурги контейнерӣ Ever Given дар тунукоба дармонд ва ҳаракатро ба ду тараф қатъ кард. Киштии 400 метра аз Чин ба Роттердам равон буд
Sputnik
Киштии контейнербари 400-метра Ever Given, ки ба ширкати Shoei Kisen тааллуқ дорад ва аз ҷониби ширкати Evergreen Marine Corporation -и Тайван идора мешуд, дар километри 151-уми канали Суэтс дар роҳ аз Чин ба Аврупо дарафтод ва ҳаракати нақлиётро дар яке аз серҳаракаттарин роҳҳои тиҷоратии баст.
Бино ба гузоришҳои расонаҳо, ҳоло дар киштиҳои дармонда тақрибан 10 миллион бушка нафт ва маҳсулоти нафтӣ мавҷуданд, ки тақрибан 2,6 миллион бушка нафти Русия мебошад. Тахмин зада мешавад, ки арзиши умумии нафт аз Русия метавонад 160 миллион долларро ташкил диҳад.
Соҳиби Ever Given ва ширкатҳои суғуртаи ӯ метавонистанд бо миллионҳо доллар даъвоҳои дигар ширкатҳо рӯ ба рӯ шаванд, ки натавонистаанд интиқолҳои худро сари вақт расонанд ё қабул кунанд.
Ба гуфтаи коршиносон, дар ин ҳодиса пеш аз ҳама капитани киштӣ гунаҳгор аст, хисороти асосиро ширкатҳои суғуртавӣ бар дӯш доранд ва даҳҳо киштии оддӣ метавонад боиси афзоиши нархи нафт ба 10 ва ҳатто аз он ҳам бештар рӯбарӯ шавад.
Дар вақти муқаррарӣ, канали Суэтскро ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз зиёда аз 50 киштӣ убур мекарданд. Соли гузашта ин масирро тақрибан 19 ҳазор киштӣ истифода мебурд.
Мутахассисон талафотро ҳисоб карда истодаанд, зеро канали Суэтск яке аз роҳҳои муҳимтарин ва серодамтарини савдои баҳр дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
1 / 14
Киштии контейнербари 400-метраи Ever Given канали Суэnchо, ки яке аз муҳимтарин роҳҳои тиҷоратии ҷаҳон мебошад, ки Аврупо, Осиё ва Африқоро мепайвандад, бастааст.
2 / 14
Киштӣ бинобар номусоид будани ҳаво, тӯфони рег ва шамол дар миёни роҳ дармонд.
3 / 14
Буксирҳое, ки ба кӯмак фиристода шуданд, низ ба ҳамин сабабҳо аз ӯҳдаи иҷрои вазифа набаромаданд ва киштии боркаш боз ҳам бештар ғарқ шуд.
4 / 14
Киштии ғарқшуда аз дур ба бинои азими бисёрошёна шабоҳат дорад.
5 / 14
Киштии Ever Given на танҳо каналро баст, балки убури беш аз 100 киштиро низ номумкин кард.
6 / 14
Киштии азиме, ки дар канал дармондааст акнун аз дур намоён мешавад.
7 / 14
Ҳар соати баста будани канали Суэтс, тиҷорати ҷаҳонӣ тақрибан 400 миллион долларро аз даст медиҳад.
8 / 14
Киштиҳои хурди ёрирасон доимо дар атрофи Ever Given чарх мезананд, аммо то ҳол ҳеҷ кумаке накардаанд.
9 / 14
Дар ин муддат корҳои наҷотбахшӣ идома доранд.
10 / 14
Аллакай зиёда аз 20 ҳазор тонна хок аз зери киштии контейнерӣ бароварда шуд ва тавонистанд каме онро ҳаракат диҳанд.
11 / 14
Аммо, то он даме, ки киштии контейнеркаш каналро мебандад, ин ба киштиҳои дигар гарон меафтад. Баъзеҳо аллакай тавассути Афрқо гардиш кардаанд.
12 / 14
Ҳодиса дар километри 151-уми канали СуэТС рух дод. Киштии контейнерии Ever Given аз Чин ба Аврупо мерафт.
13 / 14
Оқибатҳои канали басташудаи СуэТС барои тиҷорати ҷаҳонӣ хеле бузурганд. Ҳар сол тақрибан 20 000 киштӣ аз роҳи сунъии 200-километра мегузаранд, ки тақрибан 12 фоизи савдои ҷаҳонро ташкил медиҳанд.
14 / 14
Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 50 киштӣ аз канали СуэТС мегузаранд, ки тақрибан се миллион тонна бор мекашонанд. Ҳар кадоми онҳо ба Миср 300 ҳазор доллар пардохт мекунанд.