Билетро гарон накунед: Тоҷикистон гуфт, ки кай шумораи парвозҳо ба Русия бештар мешавад

Ҳамчунин фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кормандони ба рухсатӣ гуселкардаашро бозхонд мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Масъалаҳои роҳандозии парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Русия зимни ҷаласаи корӣ дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд, Дар ин бора Агентии авиатсияи гражданӣ хабар додааст.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Номи ширкатҳое, ки парвозҳо миёни Тоҷикистону Русияро анҷом медиҳанд, эълон шуд
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода, намояндагони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ширкати ҳавопаймоии ватании ҶДММ “Сомон Эйр” ва намояндагии ширкати ҳавопаймоии Федератсия Русия дар Тоҷикистон “Ютэйр” иштирок намуданд.
" Ситоди мубориза бо коронавирус қарор қабул намуда буд, ки барои истифода бурдани нақлиёти ҳавоӣ аз ҷониби мусофирон ва бе мушкилӣ рафтуомади шаҳрвандон, парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Русия барқарор карда шаванд"—афзуд Субҳонзода.
Тибқи қарори қабулнамудаи мақомоти дахлдори Федератсияи Русия ба парвозҳои мунтазам байни Русия ва  Тоҷикистон дар хатсайри Москва-Душанбе-Москва бо зичии 1 парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб иҷозат дода шудааст.
Ин оғози барқарорсозии парвозҳои мунтазам буда, бо беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ ҷиҳати афзоиш додани парвозҳо дар асоси қарорҳои дахлдори қабулнамудаи ҷонибҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад.
Дар ҷаласаи корӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост карда шуд, ки ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймоӣ роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ танзим намоянд. Дар шароити имрӯза мо бояд шароити шаҳрвандони кишрамонро ба инобат гирем.
Ҳамзамон, аз ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дархост карда шуд, ки хизматрасонӣ ба мусофиронро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷиҳати бозхонд намудани кормандон аз рухсатии меҳнатии бемузд чораҳои зарурӣ андешад.
"Ним сол боз омодаем": истиқболи Тоҷикистон аз барқарор шудани парвозҳо бо Русия
Тибқи талаботи мавҷуда, мусофироне, ки аз хатсайрҳои самти Душанбе-Москва-Душанбе ва Москва-Душанбе-Москва истифода мебаранд, бояд ки талаботҳои санитарию беҳдоштиро ҳатман риоя намуда, пеш аз парвоз бояд маълумотномаи ташхиси тиббии бо нишондоди “манфӣ”-и бемории сироятии COVID-19 дошта бошанд ва муҳлати он на бояд аз 72 соат зиёд бошад.
Мусофироне, ки маълумотнома бо натиҷаи ташхиси тестӣ бо нишондоди “манфӣ”-и бемории сироятии COVID-19 надошта бошанд, барои интиқол роҳ дода намешаванд.